Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сармуҳаррири “Омӯзгор” хостори пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел шуд
Эҳсон Сафарзода, номзади илмҳои филология ва сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор” бо нашри мақолаи “Меъмори сулҳ” масъалаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобелро матраҳ намуда, таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии кишварро аз омилҳои асосии чунин пешниҳод донистааст.
Мақолаи ӯ ба унвони “Меъмори сулҳ” дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нашр шуд. Эҳсон Сафарзода дар мақола аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997, ҳамчунин, аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳ ёд намудааст.
Дар мақолаи зикршуда Эҳсон Сафарзода таъкид намудааст, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар гузариш аз низоми дохилӣ ба сулҳ метавонад аҳамияти байналмилалӣ дошта бошад. Ӯ ҳамчунин, таъкид мекунад, ки пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоиза метавонад ба муаррифии таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат кунад.
Дар ин мақола гуфта мешавад, ки тасмим дар хусуси додани Ҷоизаи сулҳи Нобел фақат дар салоҳияти Кумитаи Нобели Норвегия аст.
Ин мақола дар ҳоле нашр мешавад, ки Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон талошҳои худро барои пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои сулҳ, об ва тағйирёбии иқлим бештар мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”