Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муаррифии имкониятҳои амалии зеҳни сунъӣ. Дар Душанбе фестивали «AI ALLEY» баргузор гардид
Бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушоди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳти унвони «AI ALLEY» («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадафи фестивал муаррифии имкониятҳои амалии зеҳни сунъӣ, рушди фарҳанги рақамӣ ва таҳкими ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва экосистемаи стартапӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар фестивал роҳбарияти Агентӣ, намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 31-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод андеша ва мавқеи худро баён намуданд.
“Дар чаҳор минтақаи асосии фестивал саҳнаи асосӣ, минтақаи намоишӣ, минтақаи омӯзишӣ ва минтақаи фароғатӣ – ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, муассисаҳои таълимӣ, барномасозон ва ҷавонон маҳсулот, хизматрасониҳо ва имкониятҳои инноватсионии худро муаррифӣ намуда, дар доираи барномаи фестивал лоиҳаҳои рақамӣ, мастер-классҳо, машғулиятҳои амалӣ ва барномаҳои интерактивиро пешниҳод намуданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”