27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
07.09.2026 10:44

Дар 35 соли Истиқлоли Тоҷикистон ҳаҷми нафақа 20 маротиба зиёд шудааст

Дар тӯли 35 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми нафақа 20 маротиб зиёд шудааст.

Дар ин хусус Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки аз 1 –уми сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва ҳамчунин, бархе пардохтҳои иловагӣ 15 фоиз зиёд мешавад.

Бар асоси иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, иқдоми мазкур барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, ятимон ва кӯдаконе, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, амалӣ шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик афзоиши нафақаҳо бар асоси муқаррароти қонуни Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатӣ ва нафақаҳои давлатӣ” ва бо назардошти андозаи нафақаи заминавӣ ва сатҳи таваррум дар соли 2025 сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои расмӣ афзоиши нафақа дар солҳои ахир идома дошта, дар панҷ соли ахир 60 фоиз зиёд шудааст. Бар асоси иттилои мақомоти тоҷик нафақаи миёнаи шаҳрвандон дар соли 2020 тақрибан 320 сомонӣ буд ва дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 515 сомонӣ расидааст.

Ҳамин тавр, дар ин давра ҳаҷми миёнаи нафақа тақрибан 60 фоиз зиёд шудааст. Бар асоси иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, то 1-уми майи соли 2026 нафақаи миёна дар Тоҷикистон, бо иловаи нафақаҳои суғуртавӣ 513 сомонӣ будааст.

Тибқи иттилоъ, нафақаи меҳнатӣ ба ҳисоби миёна 646 сомонӣ, нафақаи иҷтимоӣ бошад 355 сомониро ташкил намудааст.

Бар асоси омори расмӣ дар Тоҷикистон тақрибан 877 ҳазор нафақахӯр зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2026 876,9 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шудаанд.

Бар асоси иттилои Абдураҳмон Ҳалимзода, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ин шумора нисбат ба оғози соли ҷорӣ 126 нафар камтар аст.

Бар асоси омор шумораи бештарини нафақахӯрон, 313,2 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд.

Дар вилояти Суғд 274,1 ҳазор нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 175,6 ҳазор, дар шаҳри Душанбе 85,5 ҳазор ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30,5 ҳазор нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 170, 7 ҳазор нафар маъюбон мебошанд.

Афзоиши нафақа дар Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки ҳукумат дар солҳои ахир яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худро боло бурдани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ унвон мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.