Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Путин бо фиристодагони Трамп беш аз 3 соат дар бораи Украина гуфтугӯ кард
Мулоқоти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодаи махсуси Президенти ИМА беш аз се соат давом кард.
Тибқи иттилои мақомоти рус дар ин мулоқот вазъияти ҷанги Украина, имконияти расидан ба роҳи ҳалли сиёсиву дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар баррасӣ гардидааст.
Юрий Ушаков, ёвари Президенти Русия таъкид намуд, ки музокирот се соату даҳ дақиқа давом кард ва он “муҳим, созанда, хеле ошкорову махфӣ” буд.
Юрий Ушаков гуфт, қисме аз масълаҳо дар мизи музокирот ва қисми дигар дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ ба таври ғайрирасмӣ баррасӣ шуданд. Ҷониби Русия дар ин мулоқот арзёбии худро аз вазъияти ҷанг дар Украина пешниҳод кард.
Тибқи иттилои Юрий Ушаков, Владимир Путин ба пешравии неруҳои Русия ишора намуда, таъкид кардааст, ки Маскав ба иҷрои ҳадафҳои эълонкардаи худ итминон дорад. Ӯ таъкид намуд, Путин дар ин мулоқот зарурати баррасии “ҳамаи сабабҳои аслии низоъ”-ро таъкид намуд.
Кремл мегӯяд, Путин омодагии Русияро барои идомаи ҳамкорӣ бо Иёлотии Муттаҳида барои пайдо намудани роҳи ҳалли сиёсӣ ва дипломатии ҷанг тасдиқ намудааст.
Юрий Ушаков афзуд, Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер бо омодагии хуб ба мулоқот омада, чанд идеяро дар хусуси роҳҳои эҳтимолии расидан ба созиш пешниҳод намуданд.
Тибқи гуфтаи ӯ, намояндагони Амрико арзёбиҳои пешниҳоднамудаи Путинро дар мулоқотҳои минбаъдаи худ дар Киев ба назар хоҳанд гирифт.
Ин мулоқот дар доираи талошҳо барои пайдо намудани роҳи ҳалли устувор ба ҷанги Украина сурат мегирад.
Дар ҷараёни мулоқот Путин ҳамчунин, таваҷҷуҳи намояндгони Амрико ба он чизе, ки Русия “ошкортар шудани моҳияти режими Киев” меномад, ҷалб намудааст.
Баъди ин мулоқот расонаҳои русӣ хабар доданд, ки эҳтимол президентҳои Русия, Чин ва Амрико дар доираи мулоқоти сеҷониба нишаст доир намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”