Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Далер Ҷумъа: “Сангтӯда-2” намунаи муҳимми ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон аст”
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо Саҷҷод Ҳамидӣ, директори генералии ширкати эронии “Сангоб” мулоқот намуда, вазъияти фаъолияти неругоҳи барқии обии “Сангтӯда-2” ва дурнамои густариши ҳамкориҳои энергетикии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо фаъолияти кунунии неругоҳи “Сангтӯда-2” -ро арзёбӣ карда, дар хусуси идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши энергетика гуфтугӯ намуданд.
Далер Ҷумъа дар ин мулоқот неругоҳи барқи обии “Сангтӯда -2” -ро яке аз намунаҳои муҳимми ҳамкории иқтисодии ду кишвар номид ва таъкид кард, ки ин лоиҳа ба рушди муносибатҳои энергетикии Тоҷикистону Эрон аҳамияти хос дорад.
Ду ҷониб ҳамчунин, дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва имкониятҳои рушди фаъолияти муштаракро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд.
Саҷҷод Ҳамидӣ дар навбати худ гуфт, ки ширкати “Сангоб” барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон омодагӣ дорад.
Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” яке аз лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон ва Эрон дар бахши энергетика ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”