27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
05.09.2026 14:24

Мақоми рус: Ғарб бо бузург нишон додани хатари Афғонистон дар пайи нуфузи бештар дар минтақа аст

Як мақоми амниятии Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ бо бузург нишон додани таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон мехоҳанд барои ҳузури низомӣ ва амниятии худ дар Осиёи Марказӣ замина фароҳам кунанд.

Алексей Шевтсов, муовини Шурои амнияти Русия дар ин хусус дар нишасти “Созмони паймони амнияти Русия  ва Созмони ҳамкории Шанхай - фазои амният” иттилоъ дод.

Тибқи гуфтаи ӯ, нигарониҳои пайваста дар хусуси вазъияти амниятии Афғонистон ба яке аз абзорҳое табдил шудааст, ки Ғарб барои тавҷеҳи афзоиши ҳузури низомӣ ва амниятии худ дар минтақа истифода мебарад.

Алексей Шевтсов иддао кардааст, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ дар кишварҳои ғарбӣ, таваҷҷуҳи онҳо ба Осиёи Марказӣ ва дигар қисматҳои Авруосиё коҳиш наёфтааст. Ӯ гуфт, захираҳои табиӣ ва роҳҳои интиқоли молу таҳҷизот дар ин минтақаҳо барои кишварҳои ғарбӣ аҳамияти стратегӣ доранд.

Ин мақоми русӣ гуфт, ки талошҳои Ғарб барои афзоиши нуфуз ва таъсири онҳо ба Осиёи Марказӣ маҳдуд намешавад. Ӯ Афғонистон, Украина, Қафқози Ҷанубӣ, ва Ховари Миёнаро низ аз ҷумлаи минтақаҳое ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, зери таъсири чунин сиёсат қарор доранд.

Алексей Шевтсов ҳадафи ниҳоии ин сиёсатро назорат ба захираҳо ва роҳҳои интиқол арзёбӣ кард ва афзуд, ки масъалаҳои амниятӣ ва таҳдидҳои минтақавӣ барои пешбурди ин ҳадафҳо истифода мешаванд.

Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон борҳо иддаои кишварҳои дигарро дар хусуси нашр кардани таҳдидҳои амниятӣ аз қаламрави ин кишвар рад кардаанд.

Толибон мегӯянд, ба ҳеч гурӯҳ иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон бар зидди кишварҳои дигар истифода кунанд. Кобул ҳамчунин, таъкид мекунад, ки ба фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар қаламрави кишвар роҳ нахоҳад дод.

Масъалаи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон дар солҳои охир аз мавзуъҳои баҳсбарангез миёни кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Русия ҳамзамон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои амниятӣ ҳамкорӣ дорад ва  ҳузури низомии худро дар минтақа нигоҳ медорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.