Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
«Китобкада»-и Душанбе бо сипосномаи ИДМ қадрдонӣ шуд
Дӯкони китобфурӯшии «Китобкада» - и шаҳри Душанбе барои натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2025 бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ИДМ сарфароз шуд.
Маросими тақдими сипосномаҳо рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳри Маскав, дар доираи 39-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоб баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ натиҷаи фаъолияти корхонаҳои китобфурӯшии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли гузашта ҷамъбаст гардид.
Дар баробари «Китобкада» намояндагони чанд муассисаи дигари китобфурӯшӣ низ соҳиби сипоснома шуданд. Ба рӯйхати қадрдонишудагон мағозаи «Книжный мир» аз Жодинои Беларус, филиали «Меломан Grand» аз Алматои Қазоқистон ва мағозаи «Моя книга» аз Саратови Русия дохил шуданд.
Ин озмун бо ташаббуси Котиботи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнсозии китоб ва полиграфия баргузор шудааст.
Дар маросим намояндагони шаш кишвари узви ИДМ — Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ширкат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”