27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:41, Душанбе
05.09.2026 10:47

Эмомалӣ Раҳмон: “Хатлон беш аз 75 фоизи неруи барқи Тоҷикистонро истеҳсол мекунад”

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки вилояти Хатлон ба яке аз такягоҳҳои асосии энергетикии кишвар табдил ёфта, беш аз 75 фоизи неруи барқи кишвар дар ин минтақа истеҳсол мешавад.

Сарвари давлат дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки рӯзи 4-уми сентябр сурат гирифта буд, бо намояндагони ин вилоят мулоқот намуда, таъкид карданд, ки  ин вилоят дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.

Сарвари кишвар зикр намуданд, ки дар солҳои истиқлол дар Хатлон як қатор иншоотҳои муҳимми энергетикӣ, аз ҷумла “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, хати интиқоли барқи “Лолазор Хатлон” ва “Тоҷикистон-Афғонистон” бунёд ва ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки иқтидори умумии истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 6,4 ҳазор мегавваттро ташкил медиҳад ва ҳиссаи Хатлон дар истеҳсоли он аз 75 фоиз бештар аст.

Сарвари кишвар ҳамчунин, Хатлонро яке аз марказҳои муҳимми иқтисодии Тоҷикистон номида, таъкид карданд, ки вилоят дар рушди саноат, соҳибкорӣ, энергетика ва таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад.

Дар давраи истиқлол шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят аз 75 ба беш аз 900 адад расидааст. Дар ин корхонаҳо садҳо навъи маҳсулот истеҳсол мешавад.

Дар Хатлон беш аз 100 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст.

Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми назаррас дорад. Бар асоси иттилои ироашуда, беш аз 53 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Хатлон истеҳсол мешавад. Минтақа дар истеҳсоли пахта, ғалладона, сабзавот, полезӣ ва мева низ аз минтақаҳои пешсафи кишвар ба шумор меравад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Хатлон аз нигоҳи таърихӣ низ барои давлатдории тоҷикон аҳамияти хос дорад ва дар рушди фарҳангиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим мебозад.

Зикр шуд, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 ҳазору 300 иншоот ба истифода дода шуд ва дар соли ҷорӣ 85 ҳазор ҷойҳои корӣ дар ин вилоят таъсис дода шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.