Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвазири Исроил мегӯяд барои сарнагунии ҳукумати Эрон талош мекунад
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими Исроил мегӯяд, ҳадафи ҳукуматаш фақат мубориза бо Эрон нест, балки Исроил барои сарнагун намудани ҳукумати Эрон талош мекунад. Ӯ гуфт, ҳамаи ниҳодҳои Исроил бо роҳбарии ӯ барои расидан ба ин ҳадаф фаъолият мекунанд.
Сарвазири Исроил рӯзи 2-юми сентябр дар мусоҳиба бо шабакаи “i24 News” ин нуктаро баён намуд.
“Ҳамаи системаҳои мо зери роҳбарии ман барои сарнагун намудани ин режим ва шикаст додани он фаъолият мекунанд” - зикр намуд Бенямин Нетаняҳу.
Сарвазири Исроил ҳамчунин, ҳукумати Эронро дар марҳилаи ниҳоии мавҷудияти худ арзёбӣ кард.
Ин изҳорот дар шароите садо дод, ки дар рӯзҳои ахир танишҳои низомӣ миёни Исроил, Эрон ва Амрико шиддат гирифтаанд. Ҳамлаҳои мутақобил ва таҳдидҳои нави низомӣ нигарониҳоро дар хусуси низоъ дар минтақа афзоиш додаанд.
Бенямин Нетаняҳу, қабл аз ин низ борҳо Эронро ба таҳдид ба амнияти Исроил муттаҳам намудааст. Аммо изҳороти кунуни ӯ ба яке аз ҳадафҳои асосии Исроил табдил ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”