27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
05.09.2026 09:13

Шоҳҷоизаи “Шоҳнома”-ро ба Душанбе оварданд

Бинобар иттилои АМИТ «Ховар», 4-уми сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар доираи Намоишгоҳи 39-уми байналмилалии китоби Москва Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд, ки дар он «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Манбаъ навиштааст, ки ба озмуни мазкур Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин китобҳои муассисаҳои нашриявии кишварро дар 9 номинатсия пешниҳод намуд. Китобҳои пешниҳодшуда бо назардошти арзиши баланди адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин сатҳи таҳия, ороиш ва иҷрои полиграфӣ интихоб гардида буданд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари Шоҳҷоиза якчанд китобҳои дигари Тоҷикистон низ дар озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Китоби «Олами гулдӯзии тоҷик» ҷойи якумро соҳиб шуд. Китобҳои «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода, «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва маҷмуаи «Сандуқи афсонаҳо», ки дар муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ба табъ расид, ҷойи дуюмро гирифтанд. Ҳамчунин, китобҳои «Достони Душанбе»-и Давлат Сафар, «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр»-и Низом Қосим ва «Намунаи адабиёти тоҷик» сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Дар ин росто, субҳи имрӯз, 5-уми сентябр маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аҳли фарҳанг ва намояндагони соҳаи фарҳанги кишвар Шоҳҷоизаи «Шоҳнома»-ро бо эҳтиром ва шукуҳи хоса истиқбол гирифтанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.