Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Голи Эспи ҳисоб нашуд, Мбаппе шонсашро истифода набурд. Аввалин бохти “Реал Мадрид” дар мавсими нав
Дар доираи даври чоруми мусобиқаи Ла Лигаи Испания бошгоҳҳои “Реал Мадрид” ва “Бетис” бо ҳам рақобат карданд.
Бошгоҳи шоҳона дар мавсими нав аввалин бохти худро ба қайд гирифт.
Новобаста аз оне ки бозӣ дар майдони “Бетис” баргузор гашт, футболбозони “Реал Мадрид” дар даври якум аз ҳама ҷиҳат бартарӣ доштанд. Аммо бозӣ дар даври дуюм ҳал шуд. Футболбози “Бетис” Трой Парротт дар дақиқаи 81-ум ба дарвозаи “Реал Мадрид” гол зад. Пас аз панҷ дақиқа футболбози ҷавони дастаи шоҳона Карлос Эспи аз партофти Вини Ҷуниор тӯбро ба дарвозаи “Бетис” ворид намуд, вале ҳолати нобозӣ ба қайд гирифта шуд ва гол бекор гардид. Дар дақиқаи 90+4 Вини Ҷуниор зарбаи 11-метра кор кард, вале ситораи асосии дастаи “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе шонсашро истифода бурда натавонист ва аз зарбаи 11-метра гол назад. Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “Бетис” ба анҷом расид.
Пас аз бозӣ сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Жозе Моуриню шогирдонашро таъриф кард, ки бозии хуб нишон доданд ва аз ҳисоби тӯбдорӣ ва зарбазанӣ лоиқи ғолиб шудан буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”