27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
04.09.2026 16:31

Толибон даҳҳо занро дар Ҳирот боздошт кардаанд

Расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд, ки гурӯҳи террористии Толибон дар ду маҳаллаи Ҳирот чандин занро боздошт намуда, ба ҷойи номаълум бурдаанд.

Тибқи иттилои сарчашмаҳои маҳаллӣ як гурӯҳи занон дар минтақаи Ҷабраил аз тарафи кормандони ниҳоди Амр бар маъруф ва наҳй аз мункари Толибон боздошт шудаанд.

Манбаъҳо шумораи дақиқи занони боздоштшударо зикр накардаанд. Фақат як манбаъ ба расонаҳои афғонистонӣ гуфтааст, ки 12 зан боздошт шудаанд.

Тибқи гуфтаи сарчашмаҳо наздикони ин занон то ҳол дар хусуси маҳалли нигоҳдорӣ ва вазъияти онҳо иттилои дақиқ надоранд.

Ҳамзамон, ду манбаи дигар зикр мекунанд, ки тақрибан 10 зан дар наздикии дарвозаи вурудии шаҳраки саноатии Ҳирот низ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, заноне ки дар шаҳраки саноатӣ кор мекунанд, асосан аз оилаҳои камбизоат ва ба ҳайси коргар фаъолият менамоянд.

Бар асоси гузоришҳо боздоштҳо дар пасманзари сахтгиронатар шудани маҳдудиятҳои Толибон нисбат ба шеваи пӯшиш ва рафту омади занон дар Ҳирот сурат гирифтааст.

Дар моҳҳои гузашта низ гузоришҳо дар хусуси боздошти занон дар минтақаҳои мухталифи Ҳирот ба иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи Толибон нашр шуда буд.

То ҳол мақомоти Толибон дар хусуси боздошти занон дар Ҷабраил ва наздикии шаҳраки саноатии Ҳирот расман изҳори назар накардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.