27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
04.09.2026 16:17

Русия китобҳои таълимӣ ва адабиёти бадеиро ба мактабҳои Тоҷикистон тақдим мекунад

Федератсияи Русия ба як мактаб-интернати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 550 китоб тақдим кардааст. Китобҳои тақдимшуда барои ғанӣ кардани китобхонаи муассиса ва фароҳам кардани имконияти бештари хонандагон барои истифода аз адабиёти таълимӣ ва бадеӣ ирсол гардидааст.

Намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, ба воситаи “Русский дом” дар шаҳри Душанбе китобҳоро ба мактаб-интернати рақами 5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд супоридааст.

Тибқи иттилоъ дар миёни китобҳои тақсимшуда, маводҳои таълимӣ оид ба забони русӣ, рушди нутқ ва санъати тасвирӣ, ҳамчунин, адабиёти бадеӣ ҷой дода шудааст. Қисме аз китобҳо ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Бар асоси иттилои намояндагони «Россотрудничество» иқдоми мазкур дар доираи барномаи давлатии Русия оид ба мусоидат ба рушди байналмилалӣ ва лоиҳаи «Россия с вами» амалӣ шудааст.

Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон гуфт, ки китобҳои тақдимшуда метавонанд барои хонандагон дар омӯзиши забони русӣ ва шиносоӣ бо осори классикии адабиёти рус кумак кунанд.

Қаблан низ аз ҷониби Русия ба мактаб ва китобхонаҳои кишвар, дар маҷмуъ беш аз 15 ҳазор нусха китобҳои таълимӣ ва бадеӣ супорида шудаанд.

Ҳамчунин, дар рӯзи аввали хониш “Русский дом” ба мактаб-интернати махсуси кӯдакони ношунво ва камшунавои ба номи Тухтабой Ғаффоров дар вилояти Суғд низ як миқдор китоб тақдим намудааст.

Ин барнома бахше аз ҳамкориҳои гуманитарии Русия ва Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз ҷумла ба густариши омӯзиши забони русӣ ва дастрасии хонандагон ба адабиёти таълимӣ ва фарҳангӣ равона шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.