Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сафири Тоҷикистон мегӯяд тиҷорат бо Эрон бо вуҷуди таҳримҳои амрикоӣ афзоиш меёбад
Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, таҳримҳои якҷонибаи Эрон наметавонад ба равобити иқтисодии ду кишвар таъсири ҷиддӣ гузорад. Ӯ гуфт, Душанбе ва Теҳрон дар талошанд, ки дар оянда ҳаҷми савдои дуҷонибаро ба як миллиард доллар расонанд.
Низомиддин Зоҳидӣ ин суханонро дар нишасти хабарие, ки ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон доир шуда буд, баён кард.
Сафири Тоҷикистон гуфт, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Эронро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ афзуд, ки таҳаввулоти ахири минтақа ба рушди ин муносибатҳо садди ҷиддӣ эҷод накардааст. Ӯ афзуд, ки гардиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои ахир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми савдои ду кишвар, ки соли 2020 тақрибан 57 миллион доллар буд, соли 2025 ба 485 миллион доллар расид.
Низомиддин Зоҳидӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин нишондиҳанда тақрибан 9 баробар афзоиш ёфтааст ва ҳадафи ду кишвар расондани ҳаҷми тиҷорат ба як миллиар доллар аст. Тибқи иттилои сафир, дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ низ, сарфи назар аз вазъияти печидаи минтақа тиҷорати ду кишвар коҳиш наёфтааст. Сафир гуфт, ҳаҷми тиҷорат дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 баробар афзоиш ёфтааст. Сафир афзудааст, ки Тоҷикистон, инчунин, бо Эрон дар робита ба хариди сӯзишворӣ, аз ҷумла дизел музокирот анҷом додааст.
Низомиддин Зоҳидӣ афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчунин, мехоҳад аз имкониятҳои бандари Чобаҳор барои рушди тиҷорат ва роҳҳои транзитӣ истифода кунад. Ӯ гуфт, соли гузашта миёни роҳбарони Тоҷикистон ва Эрон дар хусуси истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор як санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ӯ афзуд, музокирот дар хусуси ҷудо кардани қитъаи замин барои Тоҷикистон дар бандари Чобаҳор идома дорад.
Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон фақат бо робитаҳои тиҷоратӣ маҳдуд намешавад. Ӯ гуфт, миёни ду кишвар то ба имрӯз беш аз 240 санади дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидааст.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, дар 35 соли истиқлол тақрибан 300 миллион доллар сармояи Эрон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ӯ нақби “Истиқлол” -ро яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои муштараки Эрону Тоҷикистон номид ва гуфт ин лоиҳа барои беҳтар намудани иртибототи нақлиётии Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Тибқи гуфтаи ӯ, дар солҳои ахир ширкатҳои тоҷик низ ба бозори Эрон сармоягузорӣ мекунанд.
Сафири Тоҷикистон афзуд, ки Душанбе аз таҳримҳои якҷониба ҳимоят намекунад.
“Мо ба ин назарем, ки таҳримҳо ба манфиати ҳеч кишвар нестанд” - зикр намуд ӯ.
Низомиддин Зоҳидӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли баҳсҳо ва низоъҳои байналмилалӣ бо роҳи музокироти дипломатӣ аст. Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки Душанбе дар мавриди ҳамла ба Эрон мавқеи худро баён кард ва таҷовуз ба кишварҳои соҳибихтиёрро қобили қабул намедонад.
Сафири Тоҷикистон ба кӯшта шудани кӯдакону афроди ғайринизомӣ дар ҳодисаи ҳамлаи Амрико ба ҷашни арӯсӣ дар Миноб ишора намуд ва афзуд, ки ҳифзи ҷони кӯдакон дар давраи даргирӣ хеле муҳим аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”