Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими миллии Афғонистонро шикаст дод
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «D» бо тими миллии Афғонистон рақобат намуд.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Таун баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид.
Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Камолов, Меҳрубон Одилзода ва Асадбек Махтумов ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро бозигари дастаи рақиб ба дарвозаи худ зад.
Ёдовар мешавем, ки 6-уми сентябр дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими миллии Урдун рақобат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки барои роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии мусобиқа ба дастаи мо зарур аст, ки дар ин вохӯрӣ ба пирӯзӣ ноил шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”