Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе ба калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар пойтахт санги асос гузоштанд
3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди Маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сангӣ асос гузоштанд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Маҷмааи меъморӣ аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он, ки Бурҷи Душанбе ном хоҳад дошт, 77 ошёна шуда, 340 метр баланд мешавад.
“Маҷмаа дорои меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасониҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, толори намоиши кино, маркази савдою фароғат, ҷой барои бозии кӯдакон, макони дилфаро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори варзишӣ, боғ ва кӯл хоҳад буд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳаи муосир 42 бинои истиқоматӣ бо 6160 манзили зист, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда ва кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта мешавад.
Тибқи иттилои дастрас, Маҷмааи хизматрасонӣ аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди TAS ИНТЕРНЕШНЛ сохта шуда, зиёда аз 2000 бинокори маҳаллӣ дар вақти сохтмони он, ки дар муҳлати 5 сол бояд ба анҷом расад, ба кор ҷалб мегарданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар маҷмуъ, баъди татбиқи пурраи лоиҳа дар майдони 29 гектар шаҳраки зебою замонавӣ бо масоҳати умумии 270 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, зиёда аз 4300 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”