27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид.
Гуфта мешавад, ки китоби “Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии “Ферлаг Восток Берлин” ба табъ расид.
"Тарҷумаи асарҳои маъруфу мондагор ба забонҳои хориҷӣ дар пайравӣ ба талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи фарҳанги бостонӣ ва тамаддуни миллати тоҷик рӯи даст гирифта шудааст", - зикр мегардад дар иттилоия.
Манбаъ навиштааст, ки таърихшиносону шарқшиносон аз Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА ва Ватикан дар тақризҳои навиштаи худ тарҷумаи китобро ба забони олмонӣ, ки яке аз забонҳои муҳими илмӣ мебошад, иқдоми саривақтӣ ҳисобида, онро дар шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик нақшофар арзёбӣ кардаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”