Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Фаъолияти НБО «Сангтӯда-2» баррасӣ гардид. Вохӯрии Далер Ҷумъа бо Саҷод Ҳомидӣ дар Душанбе
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори генералии Ширкати «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Саҷод Ҳомидӣ мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар доираи фаъолияти НБО «Сангтӯда-2», мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи энергетика бар пояи муносибатҳои дӯстона ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, бунёди НБО «Сангтӯда-2» яке аз намунаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодию энергетикии ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Зикр мегардад, ки ҳайати Ширкати «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷонибдории худро аз идомаи ҳамкориҳои судманд иброз намуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”