Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе як муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон пешгирӣ гардид
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, аз муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон пешгирӣ карда шуд.
Тавре ки манбаъ навишта аст, кормандони Шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар натиҷаи санҷиши саривақтӣ аз содиршавии муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон пешгирӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар кӯчаи Испечаки ноҳияи Сино як гурӯҳ наврасон дар заминаи хусумати шахсӣ байни ҳамдигар баҳсу мунозира намуда, мақсади ташкили муноқишаи гурӯҳиро доштаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, зимни кофтуков аз дасти яке аз ноболиғон як адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба волидони номбурдагон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Diaog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”