Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
СААД мегӯяд интиқоли таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистон тирамоҳ оғоз мешавад
Таалатбек Масодиқов, дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти Дастҷамъӣ (СААД) мегӯяд, марҳилаи аввали интиқоли силоҳу таҷҳизоти низомӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тирамоҳи соли 2026 сурат хоҳад гирифт. Тибқи иттилои ӯ, ин иқдом дар доираи барномаи панҷсолаи СААД амалӣ мешавад.
Таалатбек Масодиқов гуфт, ки рӯйхати силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ барои Тоҷикистон миёни кишварҳои узви СААД ва таъминкунандагон мувофиқа шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки ин рӯйхат ҳам таҷизоти марговар ва ҳам воситаҳои тағйири марговарро дар бар мегирад. Интизор меравад аввалин қисмати ин таҷҳизот тирамоҳи имсол ба Тоҷикистон ирсол шавад.
Дабири кулли СААД амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро на фақат масъалаи Тоҷикистон, балки яке аз масъалаҳои муҳимми амнияти кишварҳои узви ин созмон арзёбӣ намудааст.
Бар асоси иттилои ӯ, марзи Тоҷикистону Афғонистон ба минтақаи ҷанубии масъулияти амниятии кишварҳои узви СААД наздик аст ва ҳар гуна нооромӣ дар он метавонад ба дигар давлатҳои минтақа таъсир расонад.
Таалатбек Масодиқов афзуда, Русия дар таъмини Тоҷикистон бо силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ нақши асосиро бар уҳда хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, Маскав бо вуҷуди мушкилоти мавҷуд дар соҳаҳои истеҳсол ва таъминоти силоҳ омодагии худро барои расондани кумак ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви СААД баён кардааст. Дабири кулли СААД ҳамзамон таъкид намуд, ки раванди таҳкими марз бояд ҳарчи зудтар пеш бурда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”