27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
03.09.2026 11:56

Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қабул гардид

2-юми сентябр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро таҳти унвони «Ҷузъиёти баргузории Конфронси СММ оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018–2028» бо иттифоқи оро қабул намуд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Маҷмаи Умумии СММ ба ин васила тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро, ки дар Душанбе рӯзҳои 4-6 майи 2028 баргузор мегардад, расман тасдиқ кард.

"Қабули қатъномаи мазкур марҳилаи муҳимро дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси оби СММ – 2028 ташкил дода, он ҳамчун иқдоми калидӣ дар ташаккули марҳилаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об дар арафаи анҷомёбиии Даҳсолаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад", - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Конфронси оби СММ – 2028 дар Душанбе метавонад на танҳо марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалӣ, балки масири наве ба сӯи ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об бошад. Ин ҳамоиши муҳим бо такя ба таҷриба ва сабақҳои Даҳсолаи байналмилалии об метавонад ба ташаккули заминаи муштарак ҷиҳати идомаи амалҳо дар соҳаи об мусоидат намуда, ба чолишҳои кунунӣ ва ояндаи соҳаи об посухгӯ бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.