27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
03.09.2026 08:52

Русия 8 шаҳрванди Тоҷикистонро аз вилояти Калуга депорт кард

Полиси Русия дар вилояти Калуга 8 шаҳрванди Тоҷикистонро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош депорт кардаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти Русия дар вилояти Калуга 40 шаҳрванди хориҷиро депорт кардаанд, ки дар миёни онҳо 8 шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин афрод қоидаҳои вуруд ё низоми будубош дар ин кишварро вайрон кардаанд.

Дар нимаи дуюми моҳи августи соли 2026 кормандони Хадамоти иҷроияи судии вилояти Калуга қарорҳои депорти 40 шаҳрванди хориҷиро риоя кардаанд. Бар асоси иттилои ин ниҳод, дар миёни депортшудагон 15 шаҳрванди Ӯзбекистон, 9 шаҳрванди Ветнам ва 8 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Инчунин, 2 шаҳрванди Қазоқистон, 2 шаҳрванди Арманистон ва 2 шаҳрванди Беларус низ аз Русия депорт шудаанд. 1 шаҳрванди Молдова ва 1 шаҳрванди Озарбойҷон низ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, сабаби ихроҷи ҳамаи ин афрод нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия ё вайрон кардани низоми будубош дар кишвар будааст.

Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои судӣ, барои ҳар яке аз ин шаҳрвандон ҷарима таъйин шуда, баъдан қарор дар бораи депорти онҳо қабул шудааст.

Депорти шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар барои назорати риояи қоидаҳои муҳоҷират чораҳои сахттар меандешанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.