Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нахустин гурӯҳи ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил бо барномаи Ausbildung ба Бавария сафар рафтанд
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи федералии Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавон, нахустин гурӯҳи ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар барномаи таҳсилоти дуалӣ - Ausbildung ба Бавария сафар намуданд.
Манбаъ навиштааст, ки ин иқдом дар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣмиёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария амалӣ мегардад.
Афзуда мешавад, ки ҳадафи асосии ҳамкорӣ фароҳам овардани имкониятҳои таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳои ҷавонони Тоҷикистон, инчунин, мусоидат ба таъмини бозори меҳнати Бавария бо кадрҳои соҳибихтисос мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳангоми расидан ба Олмон ҷавонони тоҷикро намояндагони Агентии шуғли аҳолӣ дар Бавария, Палатаҳои ҳунармандӣ ва корфармоёни онҳо дар фурудгоҳ истиқбол гирифтанд. Тибқи модели таҳсилоти дуалии Олмон, ҷавонон қисми вақти худро дар корхона ва қисми дигарро дар муассисаи таҳсилоти касбӣ мегузаронанд. Ҳамин тариқ, онҳо ҳамзамон донишҳои назариявӣ гирифта, таҷрибаи амалии касбӣ пайдо мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”