27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
02.09.2026 14:48

Нарендра Модӣ мегӯяд бо Эмомалӣ Раҳмон “суҳбати хуб” доштааст

Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун таъкид кардааст.

Мулоқоти ду раҳбар рӯзи 1-уми сентябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд. Ин дидор дар доираи барномаи мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони кишварҳо дар ҳошияи 26-умин нишасти СҲШ сурат гирифт. Нарендра Модӣ баъд аз мулоқот гуфт, ки Ҳиндустон барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф манфиатдор аст. Вай дар шабакаи иҷтимоии “X” мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонро “суҳбати хуб” арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки Деҳлӣ мехоҳад ҳамкориҳои дуҷониба бо Душанбе бештар шавад.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар солҳои охир дар бахшҳое аз қабили тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва амният ҳамкорӣ доранд. Масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ ва роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ, аз мавзуъҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд.

Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле баргузор шуд, ки Нарендра Модӣ дар ҷаласаи сарони СҲШ аз кишварҳои узви ин созмон хост, ки ҳамкориҳои худро ба натиҷаҳои мушаххас табдил диҳанд. Ӯ гуфт, ки дар шароити номуайянӣ ва ноустувории байналмилалӣ кишварҳои узви СҲШ бояд имкониятҳои мавҷудаи худро барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар кардани зиндагии мардум истифода баранд. Ба гуфтаи сарвазири Ҳиндустон, се самти асосӣ — амният, пайвастагии минтақавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав бояд дар маркази фаъолияти СҲШ қарор дошта бошанд. Нарендра Модӣ ҳамчунин, мубориза бо терроризмро яке аз вазифаҳои муҳимми созмон номид ва хост, ки кишварҳои узв бо маблағгузорӣ, ҷалб ва радикализатсияи гурӯҳҳои террористӣ муборизаи бештар баранд. Ӯ таъкид кард, кишварҳое, ки ба гурӯҳҳои террористӣ паноҳгоҳ ё пуштибонӣ медиҳанд, набояд терроризмро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.