Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арманистон миёни Русия ва Ғарб: РИА Новости аз хатари такрори роҳи Украина мегӯяд
“РИА Новости” сиёсати кунунии Арманистонро барои наздик шудан ба Иттиҳоди Аврупо ва коҳиши робитаҳо бо Русия таҳлил карда, навишт, ки чунин раванд метавонад барои иқтисод ва бахши энергетикии Ереван мушкилоти нав эҷод кунад. Хабаргузории Русия ин вазъро бо таҷрибаи Украина муқоиса кардааст.
Дар мақолаи таҳлилии “РИА Новости” ба тағйироти сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии Арманистон таваҷҷуҳ шудааст. Муаллифи мақола Сергей Савчук бар ин назар аст, ки Ереван дар солҳои охир ба самти наздикшавӣ бо кишварҳои ғарбӣ ҳаракат мекунад.
Ин баҳс дар пайи мулоқоти Владимир Путин, президенти Русия ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек матраҳ шудааст.
Ба навиштаи “РИА Новости”, Путин гуфтааст, ки қабули қонун дар бораи нияти Арманистон барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо метавонад ба маънои дур шудани кишвар аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бошад.
Муаллифи мақола ҳамчунин, ба мавқеи Ереван дар робита ба Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ишора карда, менависад ки, мақомоти Арманистон ин созмонро дигар кафили муносиб барои амнияти кишвар намедонанд.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки “РИА Новости” ба он ишора мекунад, воридоти гази Русия мебошад. Тибқи маълумоти овардаи “РИА Новости”, Арманистон барои қонеъ кардани ниёзҳои худ тақрибан 2,7 миллиард метри мукааб гази табиӣ ворид мекунад. Аз ин миқдор тақрибан 2,2 миллиард метри мукааб аз Русия ва қисми боқимонда аз Эрон таъмин мешавад.
Хабаргузорӣ менависад, ки дар сурати идомаи наздикшавии Арманистон ба сохторҳои аврупоӣ, масъалаи нархи газ метавонад барои иқтисоди кишвар муҳим гардад. Муаллифи мақола нархи кунунии гази Русияро бо нархҳои бозори Аврупо муқоиса карда, пешбинӣ мекунад, ки гузариш ба нархҳои бозорӣ метавонад хароҷоти истеъмолкунандагон ва корхонаҳои саноатиро афзоиш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, чунин тағйирот метавонад ҳукумати Арманистонро водор кунад, ки барои дастгирии корхонаҳои бузурги саноатӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо кунад. Дар мақола аз корхонаҳои бузурги мису молибден, корхонаи истеҳсоли фолгаи «Арминал» ва ширкати «Араратсемент» ёд шудааст, ки метавонанд аз болоравии арзиши энергия таъсир бигиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”