Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қолибоф: “Ҳар қудрате, ки монанди шайтон бикушад, шайтон аст”
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои ахири Амрико ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Эрон гуфт, ки Вашингтон ба куштори ғайриинизомиён муттаҳам аст. Ӯ афзуд, кишваре, ки “мисли шайтон бикушад”, худ “шайтон аст”.
Муҳаммадбоқир Қолибоф бо нашри як паём дар шабакаи иҷтимоии “Х” таъкид намуд, ки дар ҳамлаи Амрико ба маросими арӯсӣ дар минтақаи Кӯҳистаки ҷазираи Сирик ғайринизомиён кушта шуданд.
Муҳамаммадбоқир Қолибоф Амрикоро масъули ин фоҷеа дониста, афзуд, ки “Агар як қудрат мисли Шайтон амал кунад, мисли шайтон ҳадаф интихоб кунад ва мисли шайтон бикушад, он қудрати шайтон аст”.
Муҳаммадбоқир Қолибоф гуфт, агар чунин қудрат аз неруи дигаре, ки ба гуфтаи ӯ ҳамин гуна амалҳоро анҷом медиҳад, ҳимоят кунад ва онро ҳамчун сипар истифода барад, он гоҳ худ “шайтони бузург” хоҳад буд.
Мақомоти Амрико ҳанӯз ба изҳороти расмии Муҳаммадбоқир Қолибоф посух надодаанд.
Дар хусуси шумори қурбониён ва ҷузъиёти ҳамлаҳое, ки Қолибоф ба он ишора кард, дар ин гузориш иттилооти мустақил ва пурра пешниҳод нагардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”