Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қирғизҳо дар роҳи Афғонистону Тоҷикистон “як гурӯҳ қочоқчиёни маводи мухаддир”-ро бозошт кардаанд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддирро, ки ба интиқолу паҳн намудани маводи мухаддир дар масири Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон машғул будаанд, ошкор ва фаъолияташро қатъ кардаанд.
Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, ки ин гурӯҳ дар натиҷаи яксилсила чорабиниҳои оперативӣ ва тафтишотӣ мушаххас шудааст. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ду шаҳрванди ин кишвар бо ҳарфҳои аввали номашон “М.Д.Н.” ва “Н.А.К” дар ҷараёни амалиёт боздошт шудаанд. Онҳо ба боздоштгоҳи муваққатии мақомоти амниятӣ интиқол дода шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, гурӯҳи мазкур ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир дар масири Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон машғул буд. Ҷузъиёти бештар дар хусуси ҳаҷму навъи маводи мухаддир, ҳамчунин, эҳтимоли даст доштани афрод ё гурӯҳҳои дигар дар ин қазия ҳанӯз расман нашр нашудааст.
Нисбати ин гурӯҳ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”