Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Олмон Русияро ба ҳамлаи паҳподӣ муттаҳам кард
Олмон Русияро ба талош барои ҳамла бо як паҳподи ҳомили маводи тарканда дар майдони ҳавоии Лайпсиг/Ҳалле муттаҳам кард.
“ABC News” рӯзи сешанбе, 1-уми сентябр, ба нақл аз вазири корҳои дохилаи Олмон гузориш дод, ки далелҳо ба нақши нафари вобаста ба ниҳодҳои давлатии Русия ишора доранд.
Ин паҳпод рӯзи 4-уми август дар наздикии як ҳавопаймои украинӣ пайдо шуда ва маводи таркандаи он тавассути неруҳои амниятӣ безарар карда шудааст.
Олмон дар вокуниш тасмим гирифтааст консулгарии Русия дар шаҳри Боннро аз 18 –уми сентябр масдуд кунад ва фишорҳои сиёсӣ ва таҳримӣ бар Маскавро афзоиш диҳад.
Гуфта мешавад, ки Русия ин иттиҳомҳоро рад карда ва гуфтааст, Олмон ҳеч далели муътабар ва қонеъкунандае барои исботи даст доштани Маскав ироа накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад