27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
02.09.2026 11:04

Пизишкиён: “Ҷаҳони бисёрқутбӣ метавонад ба низоми одилонаи байналмилалӣ мусоидат кунад

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти сарони кишврҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуд, ки ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ метавонад ба таъсиси низоми одилонатарини байналмилалӣ мусоидат кунад.

Масъуд Пизишкиён ин нуктаро рӯзи 1-уми  сентябр дар нишасти сарони кишварҳои узв, нозир ва шарикони Созмони ҳамкории Шанхай дар формати “СҲШ+” дар Бишкек баён кард.

Масъуд Пизишкиён таъкид намуд, ки тақсимоти қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ дар ҷаҳон тағйир меёбад ва кишварҳо бештар мехоҳанд дар қиболи қарорҳои байналмилалӣ нақши муассир дошта бошанд.

Президенти Эрон афзуд, ки  ҷаҳони бисёрқутбӣ набояд танҳо ба ҷойгузинии як қудрат бо қудрати дигар табдил шавад. Ба назари ӯ, барои он ки чунин низом одилона бошад, он бояд бар бисёрҷонибагароӣ, баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ва волоияти қонун асос ёбад.

Масъуд Пизишкиён таъкид намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бояд воқеаҳои нави ҷаҳони имрӯзро беҳтар инъикос кунад. Ӯ афзуд, ки СММ ва Шурои Амнияти он бояд дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии ҷангҳо ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо муассиртар амал кунанд.

Президенти Эрон аз фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари рӯйдодҳои Ғазза, Лубнон ва ҳамлаҳои ахир ба Эрон интиқод намуд. Ӯ дипломатияро ягона роҳи ҳалли ихтилоф ва низоъҳо дониста, ба танишҳои Эрону Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ишора намуд.

Ӯ ҳамлаҳои низомӣ бар зидди Эронро нақзи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ дониста, афзуд, ки Эрон “оғозгари ҷанг набуд, балки аз худ дифоъ мекард”. Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаи ӯ, Теҳрон дипломатия ва музокиротро роҳи асосии ҳалли ихтилофҳо медонад.

Пизишкиён таъкид намуд, ки барои муваффақ шудани дипломатия иродаи нек, эҳтиром, уҳдадориҳо ва даст кашидан аз таҳдиди низомӣ зарур аст. Президенти Эрон аз кишварҳои Шанхай даъват намуд, ки дар ташаккули низоми бисёрқутбии ҷаҳонӣ саҳми бештар гузоранд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.