Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ барои коҳиши танишҳо дар атрофи Эрон даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мегӯяд, низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон, бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд. Ӯ ин нуктаро дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек баён кард.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр дар суханронии худ дар нишасти СҲШ таъкид кард, ки дар шароити афзоиши ихтилофҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ зарурати таҳкими механизмҳои таъмини амният бештар шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва радикализм кишварҳои узви созмонро водор мекунад, ки барои муқовимат ба чунин хатарҳо роҳҳои муассиртар пайдо кунанд.
Президенти Тоҷикистон аз ҷумла пешниҳод кард, ки фаъолияти Маркази зиддимухаддиротӣ ва Маркази универсалии СҲШ оид ба муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ ҳарчи зудтар оғоз шавад.
Дар бахши иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодиро аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ номид. Ӯ хостори густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, транзит ва кишоварзӣ шуд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин, ба рушди иқтисоди рақамӣ, технологияҳои нав ва ҳуши маснуъӣ таваҷҷуҳ карда ва онҳоро барои рушди дарозмуддати кишварҳои узви созмон муҳим донист. Ӯ дар идома пешниҳод кард, ки ҳамоҳангсозии кишварҳои СҲШ дар соҳаи энергетика тақвият ёфта, лоиҳаҳои марбут ба «гузариши сабз» бештар дастгирӣ шаванд. Президенти Тоҷикистон, инчунин, аз пешрафт дар масъалаи таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол кард ва ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таъмини амнияти экологиро аз вазифаҳои стратегии рушди устувор номид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст