27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
02.09.2026 10:44

25 соли ШОС: аз мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ то ҳамкории иқтисодӣ

Раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои нишасти солгарди ин созмон дар Бишкек ҷамъ омаданд. Саммит дар 25-умин соли таъсиси ШОС баргузор шуда, қарор аст самтҳои асосии фаъолияти созмон барои солҳои ояндаро муайян созад.

ШОС соли 2001 бо ҳадафи таҳкими эътимод ва ҳамкории кишварҳои минтақа таъсис ёфта буд. Дар давоми 25 сол доираи фаъолияти он васеъ шуда, ҳоло 10 давлат — Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, узви созмон мебошанд.

Нишасти Бишкек дар шароите баргузор мешавад, ки муносибатҳои байналмилалӣ бо рақобати афзояндаи қудратҳои бузург, низоъҳои минтақавӣ ва тағйирёбии марказҳои иқтисодии ҷаҳон рӯ ба рӯ ҳастанд. Яке аз масъалаҳои муҳим барои ШОС муайян кардани ҷойгоҳи он дар низоми тағйирёбандаи байналмилалӣ мебошад.

Кишварҳои узви созмон аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ тафовути зиёд доранд ва дар бархе масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи яксон надоранд. Бо вуҷуди ин, онҳо дар доираи ШОС бар асоси принсипи ба истилоҳ «Рӯҳи Шанхай» ҳамкорӣ мекунанд.

Ин мафҳум ба эътимоди мутақобила, баробарӣ, машварат, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак асос ёфтааст.

ШОС худро ҳамчун иттиҳоди зидди кишварҳои дигар муаррифӣ намекунад. Масъулини созмон борҳо гуфтаанд, ки ҳадаф аз фаъолияти он ташкили блоки нави геополитикӣ нест.

Дар шароити афзоиши рақобати байналмилалӣ ҷонибдорони ШОС бар ин назаранд, ки чунин майдони гуфтугӯ метавонад барои нигоҳ доштани робитаҳо миёни кишварҳои дорои мавқеъҳои гуногун муҳим бошад.

Дар солҳои аввали фаъолияти ШОС масъалаҳои амниятӣ дар меҳвари фаъолияти он қарор доштанд. Мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ аз самтҳои асосии ҳамкорӣ буданд. Аммо дар солҳои охир масъалаҳои иқтисодӣ ва технологӣ низ ба рӯзномаи созмон ворид шудаанд. Дар нишасти соли 2025 дар Тянҷин кишварҳои узв Стратегияи рушди ШОС то соли 2035-ро қабул карданд. Дар он ба рушди энергетика, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои нав, саноати «сабз», илм ва маориф таваҷҷуҳ шудааст.

Масъалаи таъсиси Бонки рушди ШОС низ метавонад барои маблағгузории лоиҳаҳои муштараки кишварҳои узв аҳамият дошта бошад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои муҳим рушди роҳҳои нақлиётӣ ва пайвастшавии иқтисодӣ бо дигар минтақаҳо мебошад. Дар ин замина лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ, аз ҷумла роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон метавонанд барои афзоиши тиҷорат ва тағйири масирҳои боркашонӣ дар минтақа нақши муҳим бозанд. Ҷойгиршавии Қирғизистон дар маркази Осиёи Марказӣ ба ин кишвар имконият медиҳад, ки дар сурати рушди инфрасохтор ба яке аз нуқтаҳои муҳимми транзитӣ табдил ёбад.

Аммо барои истифодаи чунин имкониятҳо сармоягузории бештар ба нақлиёт, энергетика, логистика ва захираҳои инсонӣ зарур аст. Дар давраи раёсати Бишкек як қатор нишастҳо ва чорабиниҳои марбут ба созмон баргузор шуданд. Моҳи июли соли 2026 вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв дар Чолпон-Ата ҷамъ омада, масъалаҳои марбут ба омодагии саммити Бишкекро баррасӣ карданд.

Ҳоло таваҷҷуҳ ба санадҳои ниҳоии саммит ва қарорҳое равона шудааст, ки метавонанд самтҳои ҳамкории ШОС-ро барои солҳои наздик муайян кунанд. ШОС дар 25 соли гузашта доираи фаъолияти худро ба таври назаррас васеъ кардааст. Аммо барои марҳилаи нав масъалаи асосӣ метавонад татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда бошад.

Нақлиёт, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, об, амнияти озуқаворӣ, муҳити зист, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки метавонанд ҳамкории кишварҳои узвро бештар кунанд. Аҳамияти ШОС дар чоряк асри оянда эҳтимолан на танҳо аз мавқеи сиёсии он, балки аз натиҷаи лоиҳаҳои муштарак ва қобилияти посух додан ба мушкилоти воқеии кишварҳои узв вобаста хоҳад буд. Саммити Бишкек дар ин замина барои созмон як нуқтаи муҳим ба ҳисоб меравад: ШОС бояд нишон диҳад, ки принсипҳои эълонкардаи «Рӯҳи Шанхай» то чӣ андоза метавонанд ба ҳамкории воқеӣ ва натиҷаҳои мушаххас табдил ёбанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.