27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
01.09.2026 19:33

Муҳаққиқи ҷавони тоҷик ба узвияти як ниҳоди илмии машҳури амрикоӣ қабул шуд

Ризои Баҳромзод, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дод, ки ба узвияти Ассотсиатсияи амрикоии рушди илм (American Association for the Advancement of Science (AAAS) қабул шудааст ва ҳамчунин, мақолаи илмияш дар маҷаллаи бонуфузи “Социология науки и технологий” нашр гардидааст.

Гуфтам мешавад, ки Ассотсиатсияи амрикоии рушди илм (American Association for the Advancement of Science (AAAS)  дар соли 1848 таъсис ёфта ва яке аз куҳантарин ва бузургтарин ҷамъиятҳои илмии бисёрсамтаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин ниҳоди илмӣ масъалаҳои зиёд, аз ҷумла пешбурди технология ва сиёсати илмӣ, маориф, иртибототии илмӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва дипломатияи илмӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, ин ниҳоди илмии амрикоӣ ношири маҷаллаҳои илмии машҳури ҷаҳон ва маҷаллаи “Science” мебошад.

Бар асоси иттилои Ризои Баҳромзод мақолаи илмии наваш дар Рӯзи дониш дар маҷаллаи илмии «Социология науки и технологий» нашр шудааст. Бар асоси иттилои ӯ маҷаллаи мазкур дар пойгоҳи байналмилалии “Web of Science Core Collection” (ESCI) индексатсия шудааст ва аз тарафи Институти таърихи табиатшиносӣ ва техникаи ба номи С. И. Вавилови Академияи илмҳои Русия нашр мешавад.

Ризои Баҳромзод дар хусуси заҳматталабии ин дастовард чунин афзуд: “Онҳое, ки таҷрибаи нашри мақола дар маҷаллаҳои шомили “Scopus” ва “Web of Science”-ро доранд, хуб медонанд, ки омода кардани як таҳқиқот, гузаштан аз марҳилаҳои баррасӣ, тақриз, ислоҳу такмил ва дар ниҳоят расидан ба нашр то чӣ андоза вақт, сабр ва заҳмат талаб мекунад. Хусусан вақте ки тамоми ин роҳро мустақилона тай мекунӣ”.

Ризои Баҳромзод яке аз муҳаққиқони ҷавони тоҷик дар риштаҳои илмҳои дақиқ аст ва дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавзуъҳои муҳимми ин соҳаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад. Ӯ бо нашри бархе мақола ва назрияҳои илмӣ ба ҷавонони тоҷик роҳи расидан ба қуллаи илмро нишон медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.