Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ба ҷойи ман бозигарони ҷавону боистеъдод меоянд”. Месси аз мунтахаби Аргентира рафт
Лионел Месси, футболбози маъруфи аргентинӣ хабар дод, ки фаъолияти футболбозиашро дар тими миллии кишвараш ба итмом расондааст.
Месси дар мактуби хайрбодиаш навиштааст, ки пас аз андешаҳои зиёд ба қароре омад, ки фаъолияти футболбозиашро дар мунтахаби Аргентина хотима медиҳад.
“Ин тасмим осон набуд, аммо ҳоло беҳтарин вақти қабули чунин қарор аст. Ман ҳамеша тамоми неруямро барои мунтахабам сарф кардам. Ман ҳамеша мубориза мебурдам ва барои ин пироҳан тамоми ҳастиамро мебахшидам. Тамоми неруямро додам, дигар чизе барои додан надорам. Ба ҷойи ман бозигарони ҷавону боистеъдод меоянд, ки сазоворанд дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунанд. Барои тамоми муҳаббате, ки дар ин 20 сол ба ман бахшидед, ташаккур”, - навиштааст Лео Месси.
Футболбози 39-сола афзудааст, ки бо эҳсоси оромӣ ва ифтихор аз тими миллӣ меравад, зеро тавонист ба ҳаводорони футбол ва ҳамдастаҳояш лаҳзаҳои афсонавиро ҳадя созад.
Ёдовар мешавем, ки Лео Месси 21 сол пеш, 17-уми августи соли 2005 бори нахуст дар ҳайати тими миллии Аргентина ба майдон баромада буд. Дар тӯли 21 сол дар 207 бозӣ иштирок карда, 125 гол ба самар расондааст ва дастоварди аз ҳама муҳимаш ғолиб шудан дар Ҷоми ҷаҳон-2022 мебошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”