Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Падаре дар Афғонистон духтари 6-солаашро бар ивази 720 доллар ба никоҳи марди 60-сола даровардааст
Гурӯҳи террористии Толибон эълом кардаанд, ки як духтари шашсола дар ноҳияи Гармсери вилояти Ҳилманди Афғонистон бар ивази 200 ҳазор рупияи покистонӣ (720 доллари ИМА) ба никоҳи як марди 60-сола даромадааст.
Дафтари матбуотии Толибон дар Ҳилманд рӯзи якшанбе, 30-юми август бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки падари ин кӯдак духтарашро бар ивази ин маблағ ва бо ризоияти худ ба никоҳи як марди солхӯрда даровардааст.
Ба гуфтаи Толибон, падари ин духтар ба маводи мухаддир вобастагӣ дошта ва ба далели мушкилоте, ки онҳо доштаанд, фарзандашро бар ивази пул ба никоҳ додааст.
Расонаҳои Афғонистон қаблан низ хабар дода буданд, ки як марди 80-сола дар ноҳияи Нодалии вилояти Ҳилманд бо як духтари ҳаштсола никоҳ кардааст.
Ин ҳодисаҳо дар ҳолест, ки издивоҷҳои ноболиғон дар Афғонистон афзоиш ёфта, кӯдакон, бахусус духтарон, дар баробари издивоҷҳои иҷборӣ қарор доранд.
Фақр ва мушкилоти иқтисодӣ низ аз омилҳои асосии ин вазъият дониста мешаванд ва гузоришҳо нишон медиҳанд, ки бархе хонаводаҳо барои таъмини ниёзҳои молиявӣ духтарони худро бар ивази пул ба шавҳар медиҳанд ё мефурӯшанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”