Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Имшаб Русия ба Киев ҳамлаи густурдаи мушакӣ анҷом додааст
Расонаҳои Украина субҳи сешанбе аз шунида шудани чандин таркиши шадид дар пойтахти ин кишвар хабар доданд.
Бино ба гузоришҳо, аз пойгоҳи баҳрии Новороссийск ҳашт мушаки болдори «Калибр» ва ҳамзамон чандин мушаки баллистикии «Искандер-М» ва чанд мушаки баландсуръати «Сиркон» ба самти Киев партоб шудаанд.
Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», чанде пеш аз ин Вазорати табдили рақамии Украина дар Киев ҳушдори ҳамлаи ҳавоӣ ва вазъияти изтирорӣ эълом карда буд.
Манобеи маҳаллӣ чанд дақиқа баъд тахмин заданд, ки дар маҷмуъ дастикам 20 мушаки баллистикии «Искандер-М», 8 мушаки болдори «Калибр» ва 4 мушаки «Сиркон» партоб шудаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, аксари мушакҳо ба Киев расидаанд.
Бар асоси ин гузоришҳо, системаҳои дифои ҳавоии амрикоии «Патриот» танҳо тавонистаанд теъдоди ками ин мушакҳоро боздоранд.
Дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолии ҷонӣ то замони интишори ин хабар маълумоти дақиқе пешниҳод нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”