Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муовини вазири ҷанги ИМА пас аз моҳҳо ихтилоф бо Пит Ҳегсет истеъфо дод
Дэниэл Дрисколл, муовини вазири ҷанги Иёлоти Муттаҳида дар умури Артиши кишвар, пас аз моҳҳо ихтилоф бо Пит Ҳегсет, вазири ҷанги ИМА, аз мақомаш истеъфо дод.
Ба гузориши “Уолл стрит журнал” (The Wall Street Journal) бо истинод ба мақомоти огоҳ, Дрисколл номаи истеъфои худро ба Доналд Трамп, президенти ИМА, пешниҳод кардааст.
Ихтилофи Дрисколл бо Ҳегсет тайи моҳҳои ахир идома дошта, аз ҷумла ба масъалаи самти рушди Артиши ИМА ва барканории мақомоти баландпояи низомӣ аз ҷониби вазири ҷанг марбут будааст.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ, Дрисколл дар рӯзҳои наздик Пентагонро тарк хоҳад кард.
Қаблан гузориш шуда буд, ки Ҳегсет қасд дорад Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон ва мушовири худро ба ҳайси ҷойнишини Дрисколл дар мақоми муовини вазири ҷанг дар умури Артиши ИМА таъин кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”