Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Артиши Эрон аз ҳамла ба пойгоҳи “Ал-Минҳод” дар Иморот хабар дод
Артиши Эрон мегӯяд, ки субҳи рӯзи душанбе, 31-уми август бо истифода аз даҳҳо паҳпод ба мавқеъҳои марбут ба неруҳо ва чархболҳои амрикоӣ дар пойгоҳи низомии “Ал-Минҳод” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамла кардааст.
Ба иттилои равобити умумии артиши Эрон, ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои ахири неруҳои Амрико ва барои интиқоми кушта шудани аъзои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва ғайринизомиёни эронӣ дар ҷазираи Лорк анҷом шудааст.
Артиши Эрон гуфтааст, ки даҳҳо паҳподи мунфаҷиршаванда ба қароргоҳи неруҳо ва чархболҳои амрикоӣ дар пойгоҳи “Ал-Минҳод” партоб шудаанд. Дар бораи ҳаҷми хисорот ё талафоти эҳтимолӣ то кунун дар ин гузориш ҷузъиёти мушаххасе пешниҳод нашудааст.
“Ал-Минҳод” аз пойгоҳҳои муҳимми низомӣ дар Иморот ба шумор меравад ва барои пуштибонии логистикӣ ва интиқоли ҳавоии неруҳои хориҷӣ истифода мешавад.
Равобити умумии артиши Эрон гуфтааст, ки неруҳои мусаллаҳи кишвар барои ҳифзи амнияти Эрон ва муқобила бо таҳдидҳо омодагӣ доранд. Мақомоти Эрон қаблан низ ҳушдор дода буданд, ки барои кушта шудани низомиён ва шаҳрвандони ин кишвар аз неруҳои амрикоӣ интиқом мегиранд.
То замони нашри ин хабар маълумот дар бораи натиҷаҳои ҳамла, хисорот ё талафоти эҳтимолӣ дар пойгоҳи “Ал-Минҳод” дар даст нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”