27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
31.08.2026 12:32

“Мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст”. Бардошт аз суханронии Сарвари давлат дар Рӯзи дониш

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат зимни суханрониашон доир ба масъалаҳои муҳиму ҳалталаби соҳаи маориф, аз ҷумла камбудиву муаммоҳои интихоби дурусти касб, китобҳои дарсӣ, афзоиши ихтисосҳои таълимӣ, талаботи бозори меҳнат ва ғайра ибрози назар карданд.

ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи интихоби касбро борҳо таъкид кардаанд ва иброз доштаанд, ки дар ин марҳилаи ҳассос ҷавононро бояд роҳнамоӣ намуд. Аз ҷумла, имрӯз қайд карданд: “Инсон бояд дар интихоби касб хато накунад, вагарна то охири умр сарсону саргардон мешавад ва орзуҳои худро амалӣ карда наметавонад. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо зимни интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ва интихоби бемавриду бемантиқ ҷой дорад. Аксари ҷавонон мехоҳанд, ки ё табиб шаванд ё ҳуқуқшинос. Яъне дар аксар мавридҳо интихоби касб на дар асоси қобилият ва истеъдод, балки аз рӯйи ҳавову ҳавас сурат мегирад”.

Воқеан ҳам, баъзан мешавад, ки ҷавонон дар тақлид ба намояндагони ин ё он касб, ки дар ҷомеа мавқеи баланд доранд, касбашонро интихоб мекунанд, вале пас аз таҳсил ва якчанд соли фаъолият пушаймон мешаванд. Дар мадди аввал бояд донист, ки бо тақлиди кӯр-кӯрона ба ашхоси машҳур наметавон соҳибкасбу соҳибмақом шуд. Зеро ашхоси машҳур, ки ба онҳо тақлид карда мешавад, дар натиҷаи меҳнати зиёд ба ин мартаба расидаанд. Бештар омӯхтаанд, дар ин соҳа малака доштаанд ва вақте ки ҷавонон ба сатҳи онҳо намерасанд, аз интихобашон пушаймон мегарданд.

Дар ин росто, кам нестанд ҳолатҳое, ки ҷавонон шефтаи намуди зоҳирии намояндагони ин ё он касб мешаванд. Аз ҷумла, ҳунарпеша, сароянда ё журналист шуданро баъзеҳо осон мепиндоранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ин корҳо осону содаанд ва бо заҳмати андаке метавон соҳибном шуд, вале чунин нест.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат афзуданд: “Дар кишварҳои пешрафтаи олам ҳанӯз аз зинаи томактабӣ ва баъдан дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба масъалаи муайян кардани қобилият, истеъдод ва лаёқати наврасон диққати махсус медиҳанд, то дар зинаҳои навбатии таҳсилот ба рушди онҳо сармоягузорӣ намоянд ва пешрафти наврасону ҷавононро ба самти дуруст равона созанд”.

Илова бар ин, Пешвои миллат гуфтанд, ки имрӯзҳо мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва монанди инҳо дар бозори меҳнат талабгори зиёд доранд.

Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот супориш доданд, ки дар муддати 3 моҳ вобаста ба ташаккули фарҳанги интихоби касб ва механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

НОРАСОИИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДИГАР МУШКИЛИ АСОСӢ НЕСТ

Тибқи иттилои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз оғози соли 2025 то ҳол ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ 9 миллиону 215 ҳазор нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Гуфта мешавад, ки барои дар соли таҳсили 2026-2027 бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ 40 номгӯй китоби дарсӣ аз озмун гузаштааст, ки нашри онҳо давра ба давра анҷом ёфта, дастраси хонандагони муассисаҳои таълимӣ шуда истодааст. Яъне имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ дар самти норасоии китобҳои дарсӣ мушкилот ба назар намерасад.

Дар ин росто, Роҳбари давлат таъкид карданд, ки вақте расидааст, ки ба сифати китобҳои дарсӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем. Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам такмил додани сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав пайваста чораҷӯйӣ намояд.

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Президенти кишвар зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки барои дастгирии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ як қатор имтиёзҳо муайян шудааст. Аз ҷумла, аз соли 1997 барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар квотаи президентӣ амал мекунад.

Гуфта мешавад, ки мақсади асосии квотаи президентӣ дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳо ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани чунин минтақаҳо мебошад.

Дар муддати қариб 30 сол аз 61 шаҳру ноҳия ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 29 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун муваффақона кору фаъолият карда истодаанд.

ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Сарвари давлат дар суханрониашон қайд намуданд, ки ҳоло шумораи касбу ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи 730 номгӯй мебошад. Аз ҷумла дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз рӯйи 10 самт ва 400 ихтисос кадрҳои коргарӣ ва мутахассисон омода карда мешаванд.

“Чунин нишондиҳандаҳо гувоҳанд, ки низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадриҷан ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардида, барои соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ кадрҳои зарурӣ омода менамояд”, – афзуданд Роҳбари давлат.

Бояд иқрор шуд, ки ҷавонон пеш аз интихоби касб ба талаботи бозори меҳнат кам аҳамият медиҳанд. Дуруст аст, ки вобаста ба малакаҳояшон мехоҳанд ин ё он касбро интихоб кунанд, вале таҳлили бозори меҳнат дар ин раванд яке аз шартҳои муҳим аст. Масалан, барои устошавандае дар соли 2025 беҳтар аст, ки вақти худро ба омӯхтани таъмири мошинҳои нав, махсусан мошинҳои барқӣ, сарф кунад, агарчи қобилияти таъмири мошинҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунандаро дошта бошад. Зеро дар муқоиса ба солҳои пешин истеҳсоли мошинҳои барқӣ бамаротиб зиёд шудааст. Ба ҳамин хотир, мебояд касберо интихоб кард, ки дар баробари мувофиқ буданаш, дар бозори меҳнат талабгор дошта бошад.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд. Дар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат дар самтҳои сифати таҳсилот, таъминот бо устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дорои унвони илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, фаъолияти паркҳои технологӣ, такмили ихтисоси устодон ва ташкили озмоишгоҳҳои муосир то ҳол баъзе мушкилиҳо ҷой доранд, ки бояд бартараф карда шаванд.

“Тибқи маълумот дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо аксари фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шавқи донишҷӯ нисбат ба касбу ихтисоси интихобкардааш мегардад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда мешаванд, ки ин масъаларо дар муддати се моҳи оянда ҳаматарафа баррасӣ карда, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст”, - гуфтанд Пешвои миллат.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.