Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-ро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 31-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бинобар иттилои дастрас, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 аз 130 синфхона ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат аст, ки аз ин шумора дар 10 синфхона хонандагон ба омӯзиши фанҳои физика, химия, биология, информатика, забонҳои хориҷӣ, мусиқӣ, тайёрии ҳарбӣ ва таълими меҳнат фаро гирифта мешаванд.
Гуфта мешавад, ки бинои муассисаи мазкур дорои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона бо 290 курсӣ, толори варзишӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки дар нуҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”