Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
1400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ. Дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардид
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар намоишгоҳ барои ҳар шаҳру ноҳияи вилоят гӯшаҳои алоҳида ташкил гардида, дар онҳо меваю сабзавот, маҳсулоти полезӣ, хушкмева, маҳсулоти боғдорӣ, ғалладона, дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва молҳои ниёзи мардум ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи чорабинӣ 1400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯш пешниҳод гардид, ки фаровонии маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ва иқтидори бузурги кишоварзии вилояти Хатлонро бозгӯ менамояд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар гӯшаҳои ҳунармандӣ намунаҳои чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои суннатии мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Манбаъ навиштааст, ки дар вилояти Хатлон 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои табиии нотакрор, чашмаҳои шифобахш ва имкониятҳои фаровон барои рушди сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ, зиёратӣ ва табобатӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”