Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шумораи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда мешавад
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар иттилоия омадааст, ки шумораи тролейбус ва автобусҳо ба 410 адад, шумораи микроавтобусҳо (маршрутка) ба 1200 адад расонида шуда, ҳамзамон, 500 адад нақлиёти хурди таксӣ зиёд мегардад.
Дар ростои зиёдшавии шумораи нақлиёти мусофирбар, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагон даъват менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд.
“Аз таваққуфи нодуруст, гирифтани мусофир дар қатори дуюму сеюми роҳ ва гузоштани нақлиёт дар маконҳои номуайяншуда қатъиян худдорӣ намуда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”