Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе дар пойтхат мактаби 20-ро ифтитоҳ намуданд
28-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, корҳои сохтмонии муассисаи таълимии мазкур давоми як сол ҷараён гирифта, инак, барои солҳои таҳсили 2026-2027 омода гардид.
Гуфта мешавад, ки ин боргоҳи илму маърифат, ки дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-и қаблӣ бунёд шудааст, бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ, муассисаи мазкур дорои 58 синфхонаи барҳавои таълимию фаннӣ, 16 ҳуҷраи кории омӯзгорон, китобхона бо 90 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 24 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 350 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 70 ҷойи нишаст, толори тенниси руйи миз, майдончаи варзишии тобистона, ошхона бо 210 ҷойи нишаст, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”