Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар пойтахти кишвар Форуми байналмилалии «TajTech–2026» баргузор мегардад
29-ум ва 30-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech–2026» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» яке аз платформаҳои байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои гузариш ба низоми рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия, рушди экосистемаи стартапҳо, инфрасохтори рақамӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии технологӣ ба ҳисоб меравад.
Манбаъ навиштааст, ки форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ, сармоягузорон, соҳибкорон, доираҳои илмӣ ва коршиносони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро ба ҳам меорад.
“Дар доираи омодагӣ ба форум, дар рӯзҳои наздик тавассути сарчашмаҳои расмии иттилоотӣ оид ба барномаи корӣ, баромадкунандагони асосӣ, ҷаласаҳои мавзӯӣ ва иштирокчиён, инчунин, тартиби бақайдгирӣ ва иштирок мунтазам маълумот нашр карда мешавад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”