27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
29.08.2026 08:25

Аксҳои Заур Дахте дар 90-солагиаш дар “Руский дом” ба намоиш гузошта шуд

Дар Душанбе намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте, наворбардор, аксбардор ва ходими маъруфи фарҳанги Тоҷикистон, ба муносибати 90-солагии зодрӯзи ӯ баргузор гардид. Дар аксҳои банамоишгузоштаи ӯ табиат, чеҳраҳои одамон ва лаҳзаҳои одии зиндагӣ дар Тоҷикистон ва Русия аз нигоҳи як ҳунарманд аккосӣ шудааст.

Тоҷикистон ва Русия дар як нигоҳ

Намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте дар “Руский дом” доир шуд, ки аксҳои дар солҳои мухталиф эҷоднамудаи ӯро фаро мегирад. Дар миёни тасвирҳо манзараҳои ороми табиат, ҷангалҳои тӯс, дарахтон, ибодатгоҳҳои қадимӣ ва саҳнаҳои зиндагии ҳаррӯза ба назар мерасад, вале аксҳои ӯ фақат кӯшиши нишон додани зебоиҳои манзарҳо нестанд, балки дар онҳо фазо, ҳаракат ва эҳсоси як лаҳза ҷой гирифтааст.

Созмондиҳандагони намоишгоҳ мегӯянд, Заур Дахте бо истифода аз рӯшноӣ, ҷузъиёти одӣ ва таркиби кадр метавонист хусусияти як маконро ба тамошобин расонад.

Дар осори ӯ ҳам саҳнаҳои пурҳаракат, аз ҷумла бузкашӣ ва ҳам лаҳзаҳои ороми зиндагии рӯзмарра дида мешавад. Ҳаракти инсон, тағйири манзара ва бозии рӯшноӣ аз унсурҳои дӯстдоштаи вай буданд.

Акси мард бо хирс хотирае аз гузашта

Яке аз аксҳои дидании ӯ акси Талабшо Шейхов ва хирси ӯ Мария мебошад. Ин ду ҷуфти ғайриодӣ дар солҳои 1990 дар кӯчаҳои Душанбе намоишҳои хурд доир мекарданд ва махсусан дар миёни кӯдакон маъруф буданд.

Чунин тасвирҳо нишон медиҳад, ки Заур Дахте фақат ба манзараҳои бузург таваҷҷуҳ надошт, балки лаҳзаҳои ғайриодии зиндагии одиро низ ҳамчун бахше аз таърихи визулии шаҳр сабт мекард.

Аз крани сохтмонӣ то экранҳои кино

Роҳи эҷодии Заур Дахте аз гирифтани филм оғоз гардид. Ӯ фаъолияти касбии худро ба ҳайси ёвари оператор оғоз намуда, баъдан факултети оператории Донишкадаи давлатии кинометографияи Маскавро хатм кард. Солҳои зиёд ӯ дар киностудияи “Тоҷикфилм” фаъолият намудааст.

Яке аз нахустин корҳои мустақили ӯ наворбардории бунёди Неругоҳи барқии обии “Варзоб 1” буд. Барои нишон додани миқёси бузурги сохтмон Заур Дахте ба болои крани маноравӣ баромада, аз баландӣ иншоотро ба навор гирифт.

Таҷрибаи кор дар кино роҳи ӯро дар аккосӣ боз кард ва ин таҷриба ба ӯ имкон дод, ки дар гирифтани аксҳо маҳорати фавқулодаи худро нишон диҳад. Заур Дахте қабл аз ҳама, “кадрро дидан” медонист ва ин маҳорат дар аксҳои ӯ низ ба таври рӯшан эҳсос мешавад.

Аксҳое, ки аз марзҳо гузаштаанд

Намоишгоҳи шахсии аксҳои Заур Дахте соли 2003 дар шаҳри Душанбе доир гардид. Баъдан осори ӯ дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар аксҳои ӯ на фақат манзараҳои Тоҷикистон, балки чеҳраҳои одамон, фарҳанг, табиат ва лаҳзаҳои зиндагии кишваарҳои дигар низ ҷой доранд.

Барои фарзандон қабл аз ҳама ӯ падар буд

Ҳарчанд номи Заур Дахте бо кино ва аксбардорӣ дар пайванд аст, барои аҳли оилаи ӯ қабл аз ҳама падар ва дӯст буд. Фарзандонаш аз ӯ ба ҳайси шахсе ёд мекунанд, ки ба андешаҳои онҳо гӯш медод, маслиҳат мекард ва нуқтаи назарашро бидуни маҷбур намудани дигарон баён мекард.

Духтараш Фарангис Дахте падарашро “одами идона” номид ва аз ҷашнҳои солинавӣ дар киностудия ёд кардааст. Тибқи гуфтаи ӯ, падараш талош мекард чунин рӯзҳоро барои фарзандонаш ба хотираҳои фаромӯшнашаванда табдил диҳад.

Мероси як умр дар аксҳо ҷо гирифтаанд

Заур Дахте, агар умр вафо мекард, 18-уми августи соли 2026 90 -сола мешуд, вале ӯ 15 –уми августи соли 2024 дар садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд аз олам даргузашт.

Намоишгоҳи имсол дар “Русский дом”, дар маконе, ки хонаводаи Заур Дахте бо он солҳо ҳамкорӣ мекард, доир гардид. Аввалин намоиши аксҳои ӯ, дар замони дар қайди ҳаёт буданаш, дар соли 2012 доир гардид.

Имрӯз аксҳои Заур Дахте бештар аз як маҷмуаи асарҳои бадеӣ ба назар мерасанд. Онҳо ба як бойгонии визуалии давраҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистон табдил шудаанд. Чеҳраҳо, кӯчаҳо, табиат, урфу одат ва лаҳзаҳои хурди зиндагие, ки шояд дар он рӯзҳо одӣ наменамуданд, ҳоло як қисми ҷаззоби хотираи таърихӣ шудаанд. Ин  як қудрати аксҳои Дахте, як лаҳзаи нигоҳ доштан аст ва худи замони ӯро барнамегардонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.