Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шериддин Бобоев: «Ман таслим нашудам»
Орзуи футболбоз шуданро бисёриҳо доранд, аммо роҳи расидан ба футболи касбӣ на ҳамеша осон аст. Ин навбат хабарнигори Dialog.tj бо футболбози касбӣ, ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Шериддин Бобоев ҳамсуҳбат гардид.
Дар суҳбат ин футболбози тоҷик аз рӯзҳои аввали машқ, нақши модар дар муваффақиятҳояш, таҷрибаи бозӣ дар кишварҳои хориҷӣ, имкони роҳ ёфтани футболбозони тоҷик ба Аврупо ва нақшаҳояш барои оянда гуфт.
- Мегӯянд, аксари писарон дар кӯдакӣ орзуи футболбоз шуданро мекунанд, вале хеле кам ба ин орзу мерасанд. Бигӯед, ки чӣ ё кӣ сабаб шуд, ки шумо футболбоз шудед?
- Дар ҳақиқат ҳамин гуна аст, тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, аз 250 миллион касе, ки ба футбол машғуланд, танҳо 123 ҳазорашон ба сатҳи футболи ҳирфаӣ расидаанд ва албатта, инро бахти баланд гуфтан мумкин аст. Хеле хушбахтам, ки ба кори дӯстдоштаам машғулам.
- Дар куҷо футболро аз худ кардед ва умуман, аз чандсолагӣ тамринро оғоз намудед?
- Ман дар оилаи варзишгар ба дунё омадаам, падарам устоди варзидаи футболанд. Ду бародари бузургам низ футболбоз буданд. Яъне дар чунин муҳит интихоби роҳи дигар барои ман қариб ғайриимкон буд. Ҳанӯз аз 6-солагиам бо роҳбарии падарам тамринро оғоз кардам.
- Оё лаҳзае буд, ки ба футболбози касбӣ шуданатон шубҳа карда бошед?
- Бале, ду маротиба чунин ҳолат рух додааст. Якум, вақте ки оилавӣ ба Русия сафар кардем ва дар он ҷо ду интихоб пеши рӯям гузоштанд: ё футболбози касбӣ мешавам ё пурра аз футбол даст кашида, ба дарсҳои мактаб зиёдтар аҳамият медиҳам. Азбаски мураббиёнам дар Тоҷикистон ба футболбоз шуданам шубҳа доштанд, дар муҳити оилавӣ низ нобоварӣ пайдо шуда буд. Аммо ман таслим намешудам ва ба мактаби варзишӣ шомил гардидам. Ёдам намеравад, шабе, ки фардояш бозии ҳалкунанда, яъне қабул шудану нашуданам ба он вобаста буд, баргузор мегашт, дар сари дастурхон суханоне гуфта шуданд, ки маро сахт ранҷонданд ва ба берун баромада гиря кардам. Сипас, модарам маро дастгирӣ карданд ва гуфтанд, ки ҳатман муваффақ мешавам. Дар бозии муҳим ду гол ба самар расонида, як паси головар додам ва қабул шудам. Ҳолати дуюм замоне рух дод, ки дар Эрон ҷароҳати вазнин (кандашавии пайванди салибшакл) бардоштам. Он рӯзҳо барои ман хеле вазнин ва ноумедкунанда буданд.
- Асосан, шумо ҳамлагарӣ марказӣ ҳастед, вале дар канорҳо ҳам бозӣ мекунед. Бигӯед, ки чӣ гуна як футболбоз маълум мекунад, ки бояд кадом мавқеъро бигирад?
- Ман ҳамчун ҳамлагари канорӣ, нимҳимоятгар ва ҳатто ҳимоятгар низ бозӣ кардаам. Аслан, дар чанд мавқеъ бозӣ карда тавонистан хеле хуб аст, зеро барои беҳтар дарк кардани футбол ва баланд бардоштани сатҳи бозӣ бисёр кумак мекунад. Футболбозе, ки дар ҳама мавқеъҳо бозӣ карда метавонад, ҳамдастаҳояшро беҳтар мефаҳмад ва сифати бозиашро хубтар мекунад. Бояд бигӯям, ки муайян кардани мавқеи футболбоз пеш аз ҳама ба фаҳмишу биниши мураббӣ вобаста аст. Яъне ҳар қадар мураббӣ истеъдод ва тавонмандии футболбозро беҳтар шиносад ва барои ӯ мавқеи мувофиқро дуруст интихоб кунад, ҳамон қадар имкони пешравии футболбоз бештар мешавад.
- Соли 2018 бо 12 гол беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон шудед. Чӣ сабаб шуд, ки шумо муваффақ гаштед?
- Ин муваффақиятамро пеш аз ҳама ба модарам (рӯҳашон шод бошад) рабт медиҳам. Он кас бисёр мегуфтанд, ки ҳар чи бештар тамрин кунам, ба худам бовар дошта бошам ва аз мушкилиҳо натарсам, зеро ба ман сахт боварӣ доштанд. Ҳамин тавр, бо роҳнамоиву дастгирии модарам ман хеле иваз шудам ва ба тамринҳо диққати махсус додам. Ҳар рӯз се маротиба тамрин мекардам, аз хӯрокҳои зараровар ва беҳуда сарф кардани вақт даст кашидам ва тавонистам, ки дар соли 2018 беҳтарин нишонзани кишвар гардам.
- Шумо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Малайзия, Қазоқистон, Эрон ва Индонезия низ ҳунарнамоӣ кардаед. Бигӯед, ки клубҳои хориҷӣ аз дохилӣ чӣ фарқ доранд?
- Дар умум, шароит фарқ мекунад. Аз маоши футболбозон сар карда, то тамрину майдону хӯроквориву ва ҳоказо фарқ ҳаст. Дар он ҷо тамоми фикру диққат ба футбол равона шудааст ва ҳама кӯшишу меҳнат барои беҳтар шудан ва тавонмандҳои худро нишон додан аст. Масалан, як сабаби боқувватии бошгоҳҳои Малайзия ва Индонезия ин доштани футболбозони хориҷии сатҳи баланд аст.
- Аз давлатҳое, ки будед, кадом чемпионат душвор буд?
- Вақте ки аз лигаи худамон ба лигаи Малайзия рафтам, ба назарам хеле қавӣ намуд ва пас аз 5-6 бозӣ мутобиқ шудам. Сипас, ба лигаи Қазоқистон гузаштам ва боз чемпионати қавитарро дарёфтам. Вақте ки ба Эрон рафтам, боз ҳам вазнинтар шуд. Аз ҳама лигаи қаввитару душвортар чемпионати Эрон буд. Ёдам ҳаст, ки дар бозии аввал ҳамдастаҳоям ба ман гуфтанд: “танҳо биду ва биҷанг” (бидав ва биҷанг). Яъне лигаи Эрон ҳамин гуна серталаб асту рақобат хеле сангин.
- Вақте футболбози тоҷик ба хориҷа меравад, ба ғайр аз футбол бояд бо забон, фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва муҳити нави даста низ мутобиқ шавад. Дар ин масъала оё душворӣ ҳис кардед?
- Дуруст аст, ки футболбоз ба ҷуз футбол бояд ҳадди ақал забони хориҷиро бидонад, зеро агар бо забони хориҷӣ мушкил дошта бошад, маҳорати худро пурра нишон дода наметавонад, ҳамдастаҳо ва мураббиро дарк намекунад. Ман низ вақте ки ба Малайзия рафтам, забони англисиро хуб намедонистам ва хеле душвор буд. Аз ҳамин сабаб, ба ҳамаи футболбозони ҷавону наврас тавсия медиҳам, ки ҳамаҷониба тайёр бошанд ва забон омӯзанд.
- Ба назари шумо, чаро футболбозони тоҷик ба клубҳои Аврупо роҳ намеёбанд?
- Барои роҳ ёфтан ба Аврупо бояд ҳадди ақал чемпионати боқувват дошта бошем. Ба назари ман, барои чемпионати хубу қавӣ доштан, бояд мактабу академияҳои футболи хуб дошта бошем.
- Футболбози тоҷик барои ба Аврупо рафтан бояд чӣ дошта бошад: истеъдод, агент, робита, забон, таҷрибаи байналмилалӣ ё омори хуб?
- Ин ҳама муҳим аст, вале муҳимтарин ин истеъдод мебошад. Аз ҷониби дигар, ҳоло агент ҳам нақши калидӣ дорад.
- Оё шумо худатон ягон бор имкони рафтан ба Аврупоро доштед?
- Аз клубҳои Булғористон, Руминия ва Португалия пешниҳодҳо буданд, аммо ин кор нашуд. Ҳатто агенти машҳур Марко Трабуки бозии маро дид ва ба “Истиқлол” пешниҳод кард, ки маро ба дастаи худ "Спартак", ки дар чемпионати Латвия ҳунарнамоӣ мекард, бихарад. Ӯ ният дошт, ки соли аввал дар Латвия бозӣ кунам ва сипас, ба Сериаи B-и Италия мегузарам, аммо “Истиқлол” розӣ нашуд.
- Ба фикри шумо, Тоҷикистон метавонад дар 10 соли оянда футболбозе дошта бошад, ки дар яке аз панҷ чемпионати пурқуввати Аврупо бозӣ кунад?
- Албатта, метавонад. Истеъдодҳои худодод зиёданд ва шонс ҳаст, ки футболбозони тоҷик дар лигаҳои беҳтарин бозӣ кунанд.
- Дар ҳайати мунтахаби кишвар ҳам бозӣ мекунед. Бозӣ кардан барои мунтахаби кишвар аз бозӣ барои клуб чӣ фарқ дорад?
- Бозӣ дар ҳайати мунтахаб эҳсоси ногуфтанӣ дорад. Фикр мекунам, ин ҷо масъулият бештар аст, зеро муаррифии давлат аст.
- Дар фаъолияти шумо кадом бозӣ барои мунтахаби Тоҷикистон то имрӯз аз ҳама хотирмон аст ва чаро?
- Бо тими миллии кишвар хотираҳои зиёд дорам, аммо муҳимтаринаш бозии охирамон бо мунтахаби Филиппин буд, ки як гол ба самар расонидам ва ба даври баъдӣ роҳ ёфтем.
- Шумо ҳоло аз ҷумлаи футболбозони маъруфу машҳури тоҷик ҳастед. Машҳур будан ба шумо кумак мекунад ё баръакс фишори бештар овард?
- Аз машҳурӣ фишор ҳис намекунам, шояд ба он хотир бошад, ки бисёр машҳур нестам. Аммо ҷиҳати хубии шинохта будан, ин аст, ки ба рафтору гуфтор зиёдтар аҳамият медиҳам ва кӯшиш мекунам, ки намунаи хуб бошам.
- Мегӯянд, умри фаъолияти касбии футболбоз кӯтоҳ аст ва бисёриҳо то 40-солагӣ бозӣ намекунанд. Пас аз анҷоми фаъолияти варзишиатон ба чӣ кор машғул шудан мехоҳед?
- Дуруст аст, ки умри касби футболбоз чандон дароз нест, вале ҳоло ман дар фикри анҷоми корномаам нестам, балки ҳама фикру қувватамро барои беҳтар шудан сарф мекунам. Кӯшиш мекунам, ки барои футболи тоҷик, барои халқу ватан коре кунам. Ростӣ, намедонам, ки пас аз футбол ба чӣ кор машғул мешавам, аммо ҳоло талош мекунам, ки бисёртар омӯзам ва худро ҳамчун инсон такмил диҳам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”



