Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Баҳодур Шерализода бо президенти COP17 Батмунхийн Батсетсег мулоқот намуд
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон Баҳодур Шерализода бо вазири корҳои хориҷии Муғулистон ҳамзамон, президенти COP17 Батмунхийн Батсетсег мулоқот намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар медиҳад, мулоқоти мазкур дар ҳошияи баргузори иҷлосияи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17) дар шаҳри Улан-Батор доир гардида, ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва мубориза бо биёбоншавӣ табодули афкор намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки Баҳодур Шерализода аҳамияти саривақтии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Конфронси дар пешистодаи оби СММ, ки соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баланд арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисон барои соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гидроэнергетика изҳор доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”