Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Табодули таҷриба миёни табибони ду кишвар. Анҷоми Рӯзҳои тибби Қазоқистон дар Тоҷикистон
27-уми август бахшида ба анҷоми Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми «Тоҷикистон-Қазоқистон: ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, технологияҳо ва кадрҳо» доир шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни форум масъалаҳои «Рушди тандурустӣ: равишҳои муосир, инноватсияҳо ва дурнамои ҳамкорӣ» ва «Ҷарроҳии баландтехнологӣ: инноватсия, ҳамкорӣ ва интиқоли дониш миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо се ёддошти тафоҳум миёни муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз 25-ум то 27-уми август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар доираи он як қатор мулоқоту вохуриҳо, чорабиниҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба миёни табибони ду кишвар баргузор гаштанд.
Манбаъ меафзояд, ки мутахассисони Қазоқистон ба як қатор муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ сафар карда, бо ҳамтоёни тоҷики хеш табодули таҷриба намуданд. Махсусан, дар Муассисаи “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншисноӣ” дар самти ҷарроҳии баландтехнологӣ ва саратоншиносӣ як қатор амалиётҳои намоишӣ ва пахши мустақим аз утоқҳои ҷарроҳӣ баргузор гардид. Дар навбати худ мутахассисони маркази мазкур як қатор усулҳои муосири ҷарроҳии эндоскопӣ, ҷарроҳиҳои каминвазивӣ, инчунин имкониятҳои табобати бемориҳои онкологиро ба меҳмонон муаррифӣ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”