27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
28.08.2026 09:36

Паёми тунди Пизишкиён ба сафирони хориҷӣ

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сафирони навтаъини Эрон дар кишварҳои мухталиф таъкид намуд, ки Теҳрон мехоҳад муносибатҳои хориҷии худро бар асоси ҳамкорӣ ва манфиатҳои муштарак пеш барад.

Масъуд Пизишкиён рӯзи 27-уми август дар вақти гусели сафирони нави Эрон ба Кореяи Ҷанубӣ, Беларус, Ҷумҳурии Чех, Қазоқистон ва Сингапур таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии кишвараш ҳамеша бар пояи сулҳ ва ҳамкорӣ қарор доштааст.

Ӯ аз дипломатҳои нав хост дар кишварҳо барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ талош кунанд.

Аммо паёми рӯшани президент ба сафирон ин буд, ки муносибатҳои байналмилалӣ набояд ба рақобат барои ба даст овардани манфиатҳои бештар бошад.

“Манфиати ҳеч киишваре бо зиёдахоҳӣ таъмин нахоҳад шуд” -таъкид намуд Масъуд Пизишкиён ва афзуд, ки барои ҳар ду кишвар бояд имконияти баҳрабардорӣ аз ҳамкорӣ фароҳам карда шавад.

Ба асоси гуфтаи ӯ, муносибатҳои хориҷии Эрон бояд бар асоси манфиатҳои муштарак ва принсипи “бурд-бурд” рушд кунад.

Масъуд Пизишкиён ҳамчунин, аз сафирони худ хост монеаҳоро дар роҳи рушди муносибатҳои дуҷониба бартараф намуда, барои беҳтар намудани робитаҳои Теҳрон бо кишварҳои дигар замина фароҳам созанд.

Президенти Эрон афзуд, ки дипломатҳо бояд на фақат намояндаи сиёсати кишвар, балки “паёмовари сулҳ, ваҳдат ва оромӣ бошанд”.

Ӯ дар суханронии худ ба муносибати иди Мабъас ба таърихи ислом низ ишора карда, аз оштӣ шудани қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ҳамчун намунаи он ёд намуд, ки чӣ гуна ихтилофҳои тӯлонӣ метавонанд ба воситаи пайдо намудани як заминаи муштарак коҳиш ёбанд.

Пизишкиён таъкид намуд, ки таҷрибаи талх метавонад барои ҷаҳони имрӯз низ дарси муҳим дошта бошад. Дар ин маросим панҷ сафири нави Эрон дар хусуси имкониятҳои густариши робитаҳо бо кишварҳо аз фаъолияти худ гузориш додаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.