Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистон бо кумаки Чин ба рушди инфрасохтори ҳуши маснуъӣ омодагӣ мегирад
Тоҷикистон ва Чин барои таҳияи асосноккунии техникӣ ва иқтисодии таъсиси Маркази миллии ҳиссоббарорӣ бар асоси ҳуши маснуъӣ ҳамкорӣ мекунанд. Барои иҷрои ин кор Чин ба Тоҷикистон кумаки грантӣ пешниҳод мекунад.
Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30-уми июли соли 2026 дар бораи лоиҳаи табодули ёддоштҳо бо Чин оид ба гузарондани омӯзиши техникӣ ва иқтисодии лоиҳаи Маркази миллии ҳисоббарорӣ бар асоси ҳуши маснуъӣ тасдиқ шудааст. Вале ин созишнома ба маънои оғози бунёди марказ нест. Дар ин марҳила ҳадаф мушаххас намудани имкониятҳои техникӣ ва иқтисодии татбиқи лоиҳа мебошад. Қарор дар хусуси бунёди марказ баъд аз анҷом ёфтани таҳқиқоти зарурӣ қабул хоҳад шуд.
Бар асоси созишнома мутахассисони чинӣ бо дархости ҷониби Тоҷикистон таҳқиқоти заруриро анҷом медиҳанд. Барои ин кор Чин гурӯҳи коршиносони худро ба Тоҷикистон мефиристад, то имкониятҳои мавҷуда ва талаботи техникии лоиҳаҳоро дар маҳал арзёбӣ кунанд.
Ҷониби Тоҷикистон низ бояд як ниҳоди масъулро барои ҳамоҳангсозии корҳо бо мутахассисони чинӣ мушаххас кунад. Ин ниҳод вазифадор шудааст, ки маълумоти ибтидоӣ ва техникии заруриро пешниҳод намуда, кормандони соҳавиро ба ҳамкорӣ ҷалб кунад ва барои кору буду боши ҳайати чинӣ шароити заруриро фароҳам созад.
Арзиши таҳиякунии асосноккунии техникӣ ва иқтисодии лоиҳа 1,2 миллион юан муайян шудааст.
Маркази миллии ҳисоббарорӣ дар сурати татбиқ шудан метавонад аз сервисҳо ва системаҳои коркарди иттилоот иборат бошад. Чунин инфрасохтор барои коркарди ҳаҷми зиёди иттилоот, омӯзиши моделҳи ҳуши маснуъӣ, фаъолияти шабакаҳои нейронӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пешниҳоди хадамоти рақамӣ истифода мешавад.
Ин технологияҳо метавонанд дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, саноат ва низоми молиявӣ истифода шаванд.
Ташаббуси таъсиси Маркази миллии ҳисоббарорӣ дар доираи талошҳои Тоҷикистон барои рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои ҳуши маснуъӣ арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистон ва Чин қаблан низ дар бахши ҳуши маснуъӣ ҳамкорӣ кардаанд. Аз ҷумла ду кишвар масъалаи таъсиси маркази ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи ҳуши маснуъӣ ва густариши робитаҳои илмӣ ва техникиро баррасӣ намудаанд.
Дар солҳои ахир дастраасӣ ба иқтидорҳои ҳисоббарории баланд ба яке аз омилҳои муҳимми рушди технологияҳои пешрафтаи рақамӣ табдил шудааст. Чунин иқтидорҳо барои коркарди иттилооти бузург, омӯзиши моделҳои ҳуши маснуъӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”