Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Боздошти зане, ки бо хоки хонаи кӯрмуш фол медид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти фолбине хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки зимни машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду, кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Ҳабибахон Атаназарова, сокини 64-солаи шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, ки номбурда муддатест дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул намуда, барои иҷрои амалҳои фолбинӣ аз орд, равғани гӯсфанд, хоки хонаи кӯрмуш, сӯзан, нони гарм, либос, тухми мурғ ва қанди сафед истифода бурда, бо ин роҳ манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурда бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”